Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4471258
Сегодня
3
На этой неделе
3
В этом месяце
16848
Итого
4471258
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

07.02.2017

Вохӯрӣ ҷиҳати иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 машварати шӯрои духтарон дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор гардид.  Дар он Раиси шӯрои занон ва духтарони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Юсуфова Ҳ., сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Неъматова А., раиси шӯрои занони Раёсати маориф Норбоева М., раиси кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ Аҳмадхонова М. ва фаъолони маҳалла, раисони шӯрои занону духтарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Машваратро директори муассисаи таълимӣ Иброҳимова Н. ҳусни ифтитоҳ бахшида, мақсади баргузории чорабиниро шарҳ дод. Сипас сухан  ба раиси шӯрои занони муассисаи таълимӣ Бобоева М. дода шуд.

Аз тарафи духтарони муассисаи таълимӣ барномаи ҷолибе  пешкаши ҳозирин гардид.

Чорабинии мазкур доир ба уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда, хонандагон бобҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бо самимият ба самъи ҳозирин расониданд. Хусусан баромади хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур Ёқубова Рухшона хеле пуртаъсир буд.

Намояндаи Раёсати маориф дар бораи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.2011 №372 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки асосан хонандагони аз назорати падару модар дурмонда ба қонуншиканӣ майл мекунанд.

Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Неъматова А. низ ба музокира баромада, дар бораи амалишавии қонуни зикргардида дар ҳудуди шаҳр маълумот дод ва доир ба беназорат мондани баъзе бачаҳо, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ибрози назар намуд. Аз волидону омӯзгорон талаб намуд, ки таълиму тарбияи фарзандонро хуб ба роҳ монанд, онҳоро ба шуғле банд созанд, нагузоранд, ки бачаҳо аз назорат дур монда, даст ба ҷинояткорӣ зананд.

Раиси шӯрои занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Юсуфова Ҳ., раиси шӯрои занони Раёсати маориф Норбоева М., раиси кумитаи падару модарони муассисаи таълимц Аҳмадхонова М. ба музокира баромада, оиди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва уҳдадориҳои волидайн ибрози ақида намуда, ба чорабинии гузаронидашуда баҳои баланд доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей