Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4477568
Сегодня
342
На этой неделе
2805
В этом месяце
5815
Итого
4477568
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.05.2026

ШОДИИ КӮДАКОН ДАР МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАК

ШОДИИ КӮДАКОН ДАР МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАК
Санаи 29 майи соли 2026 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Шӯъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдаки назди Маркази саломатии шаҳри Конибодом чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Холматов Дилшод, инчунин роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Конибодом Тоҳирзода Шавкат иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодомро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки таҳти сиёсати инсонпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар номаи табрикӣ зикр гардид, ки кӯдакон ояндаи миллату давлат ба шумор рафта, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву таҳсил яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Ҳамчунин роҳбари КАТС-и шаҳри Конибодом Тоҳирзода Шавкат зимни суханронии худ аҳамияти ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди ҷисмониву маънавии онҳоро таъкид намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барои кӯдакон барномаҳои ҷолиби консертӣ, бозиҳои шавқовар ва машғулиятҳои фароғатӣ ташкил гардида, кӯдакон бо рӯҳияи болида ва ҳисси шодиву нишот фаъолона иштирок намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ ва дастархони идона тақдим гардида, фазои гарму самимӣ ва идона ҳукмфармо буд.
Возможно, это изображение больница и текстВозможно, это изображение ребенок, детская игрушка, больница и текст "HH 9"Возможно, это изображение ребенок, улыбки и больницаВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение ребенок и больницаВозможно, это изображение ребенок, улыбки, больница и текстВозможно, это изображение ребенок, улыбки и больницаВозможно, это изображение ребенокВозможно, это изображение ребенок и столВозможно, это изображение ребенок, улыбки и динамикВозможно, это изображение ребенок, улыбки и больница
Возврат к списку новостей