Посетители
4428788
Сегодня
116
На этой неделе
561
В этом месяце
9670
Итого
4428788
26.02.2026
Мулоқоти судманд оид ба пешгирии бемории ҳасибак (ботулизм)
Мулоқоти судманд оид ба пешгирии бемории ҳасибак (ботулизм)
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва пешгирии заҳролудшавӣ аз маҳсулоти ғизоии нодуруст нигоҳдошташуда, дар шаҳр мулоқот бо иштироки муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра ва муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Орипов Маҷнун бо фаъолон ва сокинони шаҳр баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки заҳролудшавӣ аз консерваҳои худсози хонагӣ метавонад боиси бемории вазнини ҳасибак (ботулизм) гардад. Қайд гардид, ки ангезандаи ин беморӣ бактерияи Clostridium botulinum буда, дар муҳити бе ҳаво афзоиш ёфта, заҳри ниҳоят пурқувват ҳосил менамояд. Ин заҳр ба системаи асаб таъсир расонида, метавонад боиси фалаҷ ва ҳатто марг гардад.
Муовини директори МНДСЭ вилояти Суғд Орипов Маҷнун дар суханронии худ оид ба роҳҳои пешгирии беморӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки ҳангоми омода ва нигоҳ доштани маҳсулоти консервшуда қоидаҳои санитарию гигиениро қатъиян риоя намоянд.
Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки консерваҳоро бо риояи талаботи стерилизатсия омода намоянд, аз истифодаи бонкаҳои варамкарда ва сарпӯши болоомада худдорӣ кунанд, маҳсулоти шубҳанокро истеъмол накунанд ва пеш аз истифода консерваҳои хонагиро ҳатман ҷӯшонанд.
Таъкид гардид, ки пешгирии беморӣ аз эҳтиёткорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд вобаста буда, риояи оддитарин қоидаҳои бехатарӣ метавонад ҷони инсонҳоро аз хатари ҷиддӣ эмин нигоҳ дорад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?