Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313604
Сегодня
174
На этой неделе
742
В этом месяце
3210
Итого
4313604
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

16.06.2016

Ситоди «Обуна 2017»

Нақши нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» дар радифи дигар нашрияҳои кишвар дар тарбияи маънавии аҳолӣ мавқеи басо муҳим дорад. Бесабаб нест, ки шумораи хонандагони нашрияҳои ҳизбӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба масъалаи маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2017 оғоз ёфт. Дар маҷлисгоҳи коллеҷи технологии шаҳр ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров  нахустҷаласа оид ба маъракаи обуна баргузор гардид, онро раиси кумиҷроияи ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонов ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Махсус қайд намуд, ки аллакай дар якчанд ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маъракаи обуна муташаккилона оғоз ёфта, имрӯзҳо ҳизбиёни коллеҷи омӯзгорӣ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Э.Шарипов, Р.Ҳамробоев, Беморхонаи марказии шаҳр, идораи пиллахушккунӣ, кумитаи маҳаллаҳои Ҷавонон», Рӯдакӣ, Подаҷо, Маданият, Ҳусейнзода ва чанде дигарон дар арафаи иҷрои нақша мебошанд.

Дар ҷаласа Муовини Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов иштирок ва баромад намуд. У дар баромадаш перомуни омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, интизоми дохилиҳизбӣ, афзоиши аъзои ҳизб аз ҳисоби фаъолон ва ҷавонон, вазифаҳои вакилони халқ, ҳамчунин пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, хештаншиносии ҷавонон даъват ба амал овард. Мавсуф зимни суханронии худ ҳамзамон аз иштироки фаъолонаи ҳизбиёни шаҳр дар ташкил ва гузаронидани  маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар соли таърихии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

Возврат к списку новостей