Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4538440
Сегодня
1917
На этой неделе
10211
В этом месяце
18451
Итого
4538440
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

Новости города

Дата добавления: 26.02.2016

Роҳбарияти коллеҷи технологии шаҳр ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба андӯхтани илму ҳунар тадбирҳои пайваста меандешад.

Дата добавления: 25.02.2016

Дар ин рӯзҳои оғози фасли баҳор корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр босуръат идома дорад ва аз тағйир ёфтани симои шаҳр руҳбаландии мардум хуб эҳсос мегардад.

Дата добавления: 24.02.2016

Имрӯз дар ҳудуди шаҳрамон як қисми низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон (04080), cе дидбонгоҳи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ду мавзеи гузаргоҳи назоратӣ ҷойгиранд.

Дата добавления: 24.02.2016

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола садҳо ҷавонписарони шуҷои Канди бостонӣ низ дар баробари тамоми ҷавонони кишвари азизамон барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ пайваста, қарзи муқаддаси фарзандии хешро сарбаландона адо менамоянд ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Дата добавления: 24.02.2016

Дар арафаи 23-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар литсейи касбии саноати кишоварзӣ як қатор чорабиниҳо доир карда шуданд.

Дата добавления: 23.02.2016

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон буда, ҳанӯз 23 сол муқаддам Тоҷикистони тозаистиқлол новобаста аз вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд, ки он самараи истиқлолияти давлатии кишварамон мебошад.

Дата добавления: 20.02.2016

Дар доираи 500 рӯзи ободонӣ ва бахшида ба соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод дар ҳудуди шаҳр корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бовусъат идома дорад.

Дата добавления: 20.02.2016

Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кумитахои маҳаллии худуди шаҳр маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор гардида истодааст.

Дата добавления: 20.02.2016

Дар шаҳр баргузории вохӯриҳо ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад.

Дата добавления: 18.02.2016

Бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмоммалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ ба шаҳр гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дата добавления: 16.02.2016

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаьри Конибодом дар асоси нақша– чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр баргузор гардид.

Дата добавления: 15.02.2016

Бо мақсади гиромӣ доштани қаҳрамониҳои ҷанговарони интернатсионалист, бахшида ба 27-солагии баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ҳудуди шаҳр чорабиниҳои гуногун гузаронида шуданд.

Дата добавления: 14.02.2016

Санаи 14 феврал ба рӯйдоди муҳими таърихӣ- Рӯзи хурӯҷи қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон 27 сол пур шуд.

Дата добавления: 13.02.2016

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 12 феврал дар ҷамоати деҳоти Пӯлотон машварати якҷояи намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, донишҷӯёну хонандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.

Дата добавления: 13.02.2016

Имрӯзҳо ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила сохтмону бунёд ва таҷдиду навсозии варзишгоҳҳо ва толору майдончаҳои варзишӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Дата добавления: 13.02.2016

Дар доираи 500 рӯзи меҳнати зарбдор ва бахшида ба Иди ҷанговарони байналмилал, эълон гардидани соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Дата добавления: 12.02.2016

Давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамасола тибқи квотаи президентӣ бо таҳсил фаро гирифта шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ғамхориҳоест, ки нисбати ҷавонон амалӣ мегардад.

Дата добавления: 11.02.2016

Дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳр ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ доир гардид. Дар он Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳхорҷон Ҳасанов, менеҷери сохтори госпиталӣ Шавкат Ёқубов, менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ Аҳмадҷон Ёқубов, раиси Шӯрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ Фароғат Садриддинова ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Дата добавления: 10.02.2016

Имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони шаҳр баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ идома дорад.

Дата добавления: 09.02.2016

Рӯзи гузашта дар машваратгоҳи беморхонаи марказӣ мулоқоти Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.