Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4281109
Сегодня
103
На этой неделе
804
В этом месяце
929
Итого
4281109
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.05.2015

Маҳфили ёдбуди Тоҳир Ёқубов

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 70 солагии Иди Ғалаба маҳфилҳои ёдбуди шахсиятҳои барӯманд, инсонҳои наҷиб ва собиқадорони меҳнат доир гардида, аз кору амали неки онҳо ёд карда мешавад.

Чунин маҳфили ёдбуд оид ба фаъолият ва зиндагиномаи табиби ҳозиқ, осебшиносимаъруф, Аълочии тандурустии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, табиби дараҷаи Олӣ Тоҳирҷон Ёқубов дар шаҳри Конибодом баргузор гардид, ки дар он пизишкони шинохта аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳурӣ, ҳамкасбону шогирдони шодравон иштирок карданд.

Мегӯянд, ки инсонҳои нек дар рӯзҳои нек ба дунё меоянд. Шодравон Тоҳирҷон Ёқубов 9 майи соли 1945, дар рӯзи Ғалаба ба дунёомада, аз овони ҷавонӣ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, нерӯи бузурги ободгароӣ ва хислату рафтори инсондӯстонаро доро буд. Баробари Иди Ғалаба имрӯзҳо 70 солагии Тоҳирҷон Ёқубов ро тамоми табибон, шогирдону пайравонаш бо баргузории ин маҳфили ёдбуд қайднамуданд. Иштирок ва суханронии Раиси шаҳр Ғаӣбулло Боҳирӣ дар ин маҳфил нишони эҳтирому арҷгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба фарзандони содиқу вафодори ватанаст.

Дар чорабинӣ пизишкони маъруфи ҷумҳурӣ, осебшиносон, бародари шодравон, духтараш Умеда Ғаниева суханронӣ намуда, аз амалу рафтор ва кору фаъолияти ибратбахши шодравон Тоҳирҷон Ёқубов ёдовар гардиданд. Кору кирдор ва фаъолияти табибии падарро писари Тоҳир Ёқубов сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Шавкат Ёқубов идомадода, имрӯзҳо дар ҷодаи табибӣ ҳамчун осебшиноси сермаҳсул дар ҳифзи сиҳатии мардум содиқона хизмат менамояд.

Баромади рангини хонандагони мактабҳои шаҳрба ин маҳфил шукӯҳи хоса бахшид.

 

 

Возврат к списку новостей