Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4394421
Сегодня
736
На этой неделе
2809
В этом месяце
9950
Итого
4394421
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.05.2015

Поси хотири ҷанговар

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 –и деҳаи Шаҳидқараянтоқ ҷамъомади хотирмони идона ба муносибати гузоштани муҷассамаи Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ Неъмат Қарабоев баргузор гардид.  Дар тантана Раиси шаҳр Ғаӣбулло Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зикр дошт, ки аввалин Кахрамони Иттифоки Шӯравӣ Неъмат Карабоев зодаи шаҳри Конибодом асту ин ҳам боиси ифтихор ва ҳам боиси эҳсоси масъулият хоҳад буд.   

Сипас, олими шинохта, дотсент Ҳомидҷон Мамадов, омӯзгорони мактаб, собиқадорони меҳнат ба сухан баромада, шогирдони дабистонро ба хониши хубу аъло, рафтору кирдори арзандаи ватандӯстӣ, ба далериву шуҷоатмандӣ чун Неъмат Қарабоев ҳидоят намуданд.    

Мактаби мазкур аз соли 1966 инҷониб ба номи аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Н.Қарабоев номгузорӣ гардида, инак дар арафаи 70 солагии Иди Ғалаба ҳаӣкали ин ҷанговари далери конибодомӣ ба дабистон гузошта  шуд.

Хамчунин бахшида ба 70 солагии Иди Ғалаба бо иқдоми  сокинони  деҳаи  Шаҳидқараянтоқ  китобе  бо  номи «Родмардони як деҳа»  нашр  гардид, ки  он ба ҳаёту  рӯзгор  ва  корнамоиҳои  тамоми  иштирокчиёни  ҶБВ-ии  деҳа  бахшида  шудааст. Дар тантана  ба  фарзандону  паӣвандони  онон  китоби  мазкур  ҳадя  гардид.

Дар  тантана  Иштирокчии Чанги  Бузурги Ватанӣ аз  дехаи  Шахидкараянток Бурхонбоӣ  Бердиев  иштирок  дошт.  

Хонандагони  мактаб  бо  суруду  шеър  ва  баромадҳои  рангини  ватандӯстона   табъи  ҳозиринро болида доштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей