Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362164
Сегодня
189
На этой неделе
1097
В этом месяце
9074
Итого
4362164
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.05.2015

Номгузорӣ

Бо  дастгирии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳр  яке  аз  кӯчаҳои навбунёди  шаҳрамон  ба  номи   иштирокчии  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ, Агрономи  хизматнишондодаи  Тоҷикистон  Бобоҷон  Ҳомидов  ногузорӣ  гардида,  ба  ин  муносибат  ҷамъомади   тантанавӣ  дар  маҳалла  доир  шуд.  Дар он собиқадорони ҷангу меҳнат, сокинони маҳалла ва фарзандону пайвандони Б.Ҳомидов иштирок доштанд. 

 Бобоҷон Ҳомидов аз оғози ҷанг то анҷоми он дар майдони набард   баҳри дифои ватан ҷангида, пас аз баргаштан аз ҷанг низ дар соҳаи заҳматписанди кишоварзӣ фаъолият кардааст ва кору амали некашро давлату ҳукумат бо Нишони Агрономи Хизматнишондодаи Точикистон кадршиносӣ намудааст.  Ҳамзамон дар вазифаҳои пуршарафи рохбарӣ, аз ҷумла ҳамчун Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр кор кардааст.

Дар ҷамъомад Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр А.Ализода, Раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр К. Ҳасанов, дӯстону пайравон ва духтараш, омузгор Шаҳриҷон Хомидова суханронӣ намуда, аз кору зиндагии ибратбахши шодравон Б.Ҳомидов бо некӣ ёд карданд.

Дар вазъияти тантанавӣ парда аз руйи лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуда, кӯча ба номи   иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобоҷон Ҳомидов гузошта шуд, ки тӯҳфаи арзандаест ба сокинони маҳалла дар арафаи ҷашни бузурги 70 солагии   Иди Ғалаба.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей