Посетители
06.04.2017
Гусели даъватшавандагон
Даврони истиқлолият собит намуд, ки мардуми тоҷик барҳақ ба анъанаҳои пуршарафи артиши миллии хеш ифтихор мекунад ва аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз он нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муқими давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо менамояд.
Имрӯзҳо дар саросари кишварамон бо Фармони Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарони синну солашон лоиқ ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфтааст. Дар вазъияти тантанавӣ як зумра фарзандони баору номуси шаҳр, ки бо амри дилу виҷдон ихтиёрона барои хизмати Модар-Ватан ҳозир шуда буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуселонида шуданд.
Ба ин муносибат дар назди Майдони «Шаҳидони ҶБВ» бо иштироки шаҳрдорӣ, собиқадорон, фаъолон, намояндагони сохторҳои гуногун, даъватшавандагон ва волидони онҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомад бо маросими гулчанбаргузорӣ ва садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Комиссари ҳарбии шаҳр Далер Салихов ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, ҷавонони сарбаландро ба ин муносибат табрик гуфта, дар ҷодаи хизмат ба Ватан барору комёбиҳо орзу намуд.
Шаҳрдор изҳори боварӣ намуд, ки фарзандони диёр қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан садоқатмандона адо намуда, ба зодгоҳ сарбаланд бармегарданд. Сипас, узви шӯрои ҷанговарони байналмилал, собиқадори ҷанги Афғонистон Ахмедов Икром, даъватшаванда Мамаяров Камолиддин ва волидону дигар пайвандони даъватшавандагон баромад намуданд. Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи раиси шаҳр ба даъватшавандагон, ки дар мактаби муттаҳидаи Ташкилоти Мададгори Мудофиаи шаҳр таҳсил намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Баъдан дар саҳни бинои комиссариати ҳарбии шаҳр зери навои садою мусиқӣ даъватшавандагон бо ҳамроҳи волидон то дер шодмонӣ намуданд. Барои онҳо бо иқдоми шаҳрдорӣ дастурхони идона ороста шуд.
Ҳамин тавр, маъракаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бошукӯҳу хотирмон доир гардид.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?