Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448155
Сегодня
91
На этой неделе
570
В этом месяце
9675
Итого
4448155
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.04.2017

Сайри ҳафтаи китоби кӯдакон

Тантанаи кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Некбахтии мо аз Ваҳдат аст» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ якуми апрел дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Конибодом бо намоиши маҳсули дастони маҳфилҳои рассомӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва кешбофии муассиса оғоз ёфт.

Нахуст намоиши навори «Пешвои миллат» манзури ҳозирин гардид. Сипас, аз лаҳзаҳои хотирмони фаъолияти китобхона ва фестивалҳои қаблӣ навор пешкаш гардид. Собиқадори маориф Деҳқонбой Каримзода, корманди рӯзнома Фирӯза Абдулазизова аз таърих, қадру манзалат ва эҳтиром ба китоб ҳарф зада, онро беҳтарин дӯст, маслиҳатгар, ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ арзёбӣ намуданд. Аз наврасон даъват ба амал оварданд, ки рӯ ба китоб ва мутолиаи он оранд. Зикр гардид, ки туфайли талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кишварамон аз нав ободу зебо гашта, дар фазояш таронаи сулҳ, Ваҳдату ягонагӣ танинандоз шуд.

Толибилмон дар васфи муҳаббат ба Ватан, модар, ваҳдат, сулҳ шеър қироат намуданд. Дастагули мусиқии дастпарварони мактаби санъати шаҳр, ки аз ҷолибтарин таронаву рақс таҳия гашта буд, баҳри болидахотирии ҳозирин садо дод. Дар фарҷом муовини бахши фарҳанг Ф.Иброҳимов ба кулли ҳамдиёрон дар ҳафтаи китоб, ки аз 2 то 9 апрел идома хоҳад ёфт, барор хост.

Возврат к списку новостей