Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448168
Сегодня
104
На этой неделе
583
В этом месяце
9688
Итого
4448168
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

05.04.2017

Суҳбат атрофи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон

Бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ бахшида ба Соли ҷавонон дар коллеҷи омӯзгории шаҳр суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Он бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев доир гашт. Ҳамзамон, дар мулоқот сарвари коллеҷи омӯзгории шаҳр Ҳалимҷон Зоиров, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Конибодом Фирӯз Ҳоҷиев, омӯзгорони ҷавони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва фаъолҷавонон-донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ширкат варзиданд. Мулоқотро роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Конибодом Фирӯз Ҳоҷиев ҳусни оғоз бахшида, мақсади онро шарҳ дод. Номбурда дар мавзӯи «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Сипас,  роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев ба сухан баромада, доир ба саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, нақши онҳо дар ташаккули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии ҷавонон, бо хулқу атвори накӯ, донишу малака ва истеъдоди хеш намунаи ибрат будан ба дигар наслҳои ҷавон ва бад-ин васила пайравони Пешвои миллат будан суханронӣ намуд. Фирдавс Ҳоҷиев ҷавонони шаҳрро ба фаъолӣ, хушзеҳнӣ, бетараф набудан нисбати равандҳои ҷомеаи муосир ва нақши бориз доштан дар пешрафти ҷамъият даъват кард.

Баъдан байни ҷавонон мубодилаи афкор сурат гирифта, бобати рух додани ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии онҳо, аз ҷумла, ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ, ҷиноятсодиркунӣ, махсусан, шомилшавӣ ба равияҳои ифротгаро ва амсоли ин андешаронӣ карданд. Роҳбари ташкилоти вилоятии «Созандагони Ватан» ба суолҳои ҷавонон посух гуфта, ҷиҳати амалӣ гардонидани пешниҳоди онҳо дастур дод. Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ донишҷӯён ва фаъолон, ки ба сафи ҳизб пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд. Инчунин ба 3 нафар донишҷӯёни коллеҷ-Юлдашева Андҷела маъюби гуруҳи 2, Сулаймонов Темур-маъюби гуруҳи 2 ва Йўлдошева Дилшода маъюби гуруҳи 2 аз тарафи ҳизб кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Мулоқотро сарвари коллеҷ Ҳалимҷон Зоиров ҷамъбаст карда, ҷавононро ба донишандӯзӣ даъват кард ва ба иштирокдорон ҷиҳати иштирок ва суханрониҳояшон арзи миннатдорӣ намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей