Посетители
30.03.2017
Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ байни аҳолӣ
Дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ вобаста ба ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ба иҷро расонидани амалҳои неку хайр ва дар маҷмуъ, тарзи ҳаёти солиму арзандаро пеша намудани сокинон намояндагони уламои дини шаҳрамон бо аҳолии шаҳру деҳот корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурданд. Бо ин мақсад аз ҳисоби ходимони дин гуруҳҳо таъсис дода шуда, ҳайати гуруҳҳо нахуст дар деҳотҷойҳо аз вазъи зиндагии мардум дидан карданд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Патар аз якчанд хонаҳо боздид карданд. Зимни боздид бо шароити зисти сокинон, ҳолу аҳвол ва тарзи зиндагии онҳо аз наздик шинос шуданд. Пас аз шиносоӣ бо аъзоёни оилаҳо суҳбатҳо ороста шуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани манзилу макон, ободониву сарсабзгардонӣ, сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ», пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мисли инҳо дастурҳо дода шуд. Зимни боздид ба якчанд нафар бошандагони ҷамоати мазкур, ки оилаҳои ниёзманд буда, шароити оилавиашон хуб нест, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ба онҳо маводи озуқа ва ҷиҳози рӯзгор дастрас карда шуд, ки дар арафа ва рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ин амали басо хайр маҳсуб ёфта, боиси хушнудии ин нафарон гардид.
Гуруҳи корӣ фаъолияти худро дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Эргаш Шарипов ва Лоҳутӣ идома бахшид. Дар ин деҳот низ дар хонадони якчанд нафар сокинон шуда, аз вазъи зиндагиашон огаҳӣ пайдо намуданд. Дар ҷараёни дидорбиниҳо аз вазъи зисту зиндагонии сокинон ва муаммоҳои ҷойдоштаи онҳо пурсон гашта, бобати ҳалли онҳо то андозае мусоидат карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки сокинон аз ин иқдоми шаҳрдорӣ ва аёдату дидорбинии ходимони дин шод гашта, арзи миннатдорӣ намуданд. Доир гаштани чунин вохӯриву суҳбатҳои озоди ходимони дин бо аҳолӣ аз ҳамкории муштараки намояндагони соҳаи дин бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин робитаи пайвастаи ин ниҳод бо сокинон гувоҳӣ медиҳад.
Масъулин ин равандро идома бахшида, ният доранд ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати диниву ахлоқии ҷомеа ва дар ободониву созандагии диёр саҳмгузор бошанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?