Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448142
Сегодня
78
На этой неделе
557
В этом месяце
9662
Итого
4448142
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.03.2017

Пешгирӣ аз сӯхтор

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматӣ, коргоҳу ташкилотҳо, нуқтаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, тӯйхонаву  тарабхонаҳо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Дар кори семинар намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ҶТ дар вилояти Суғд, сардори қисми 34-уми ҲХДО ҶТ дар шаҳри Конибодом А.Қурбонов, мутахассисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллӣ ва дигар масъулон ширкат варзиданд.

Семинарро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Акмалҷон Ализода оғоз бахшида, иштирокдоронро бо мӯхтавои он ошно намуд.

Сипас намояндагони Раёсати Хадамоти оташнишонии ҶТ дар вилояти Суғд ва қисми 34-уми ҲХДО ҶТ дар шаҳр доир ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, қоидаҳои  бехатарӣ аз сӯхтор маълумоти муфассал дода, тарзҳои дурусти истифодабарии таҷҳизоти газиву барқӣ ва ғайраро ба таври назариявӣ ва амалӣ шарҳ доданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокдорон фаъолона ширкат варзида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей