Посетители
29.03.2017
Оростани мулоқотҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб
Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дар тарбияи ахлоқии онҳо таъсиргузор будан дар масҷиди ҷомеи «Сарв» бо ходимони дин мулоқот ороста шуд. Дар мулоқот аз ҷумла, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳасанҷон Бобошукуров, сархатиби шаҳр Аббосхон Аброров, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тезгузар» Нуруллохон Ҳидоятов, имомхатибони масҷидҳои дигари ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта ширкат варзиданд.
Нахуст сархатиби шаҳр А.Аброров мулоқотро оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки гаравидани бархе аз ҷавонони гумроҳ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, оламиёнро ба таҳлука овардааст. Аз ҷумла, аз кишвари мо низ чунин ҷавонони ноогоҳ ба қайд гирифта шуда, аз надоштани маърифати диниву дунявӣ ба Ватани хеш хиёнат мекунанд ва боиси нооромии аксари давлатҳо мегарданд.
Ҳамчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳ.Бобошукуров сухан ронда, рух додани чунин ҳодисаҳои номатлубро пеш аз ҳама, дар бемаърифатию камсаводӣ, аз назорати волидон дур мондани фарзандон, бетарафии атрофиён нисбати рафтору кирдори ҷавонону наврасон арзёбӣ карда, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгаро нақши муассир гузошта тавонистани имомхатибонро ҳамчун шахсони соҳибнуфузи ҷомеа қайд кард.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тезгузар» Н.Ҳидоятов низ суханронӣ намуда, аз ахлоқи ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Аз рафтори ноҷояи баъзе ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарф зада, ҳангоми вохӯриву мулоқот ва суҳбатҳо ба тарбияи ахлоқии насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа доданро бар фоидаи кор ва роҳи ҳалли мушкилот донист.
Баргузории чунин мулоқотҳо идома дорад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?