Посетители
28.03.2017
Шодмониҳо аз файзи қадами Наврӯз
Хушбахтона, Наврӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукуҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Наврӯз дар зеҳну тафаккуру дили мо ҷойгоҳи махсус дорад. Худ ҳамасола ин ҷашнро бесаброна интизорӣ кашидани мардум аз он гувоҳӣ медиҳад. Бошандагони кумитаи маҳаллаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода низ аз омадани баҳору Наврӯз хушҳолӣ намуда, чорабинии идона доир намуданд. Кулли сокинони маҳал дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзида, аз омадани Наврӯз меболиданд. Дар даромадгоҳи Наврӯзгоҳ намоиш ташкил карда шуда, ҳайати ҳакамон ба ҳунарҳои иштирокдорони озмунҳои наврӯзӣ баҳогузорӣ намуданд. Иҷрои анъанаҳои ниёгон, пухтани суманак, намоиши либосҳои қадима, оростани хони наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт шин ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуд.
Кӯдакон суруди «Бойчечак» месароиданду духтарон бо нозу ишва сурудҳои дилнишини наврӯзӣ мехонданд. Вакили Маҷлиси шаҳрӣ Рауфҷон Бобоҷонов сокинонро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта, пирӯзиву комгориҳо таманно кард. Баъдан раиси кумитаи маҳалла Кибриёхон Обидова низ ба сухан баромада, ҳамагонро бо фарорасии бостонитарин иди тоҷикон –Наврӯз шодбош гуфт ва барои иштирокашон дар чорабиниҳои наврӯзӣ изҳори миннтадорӣ намуд. Ғолибони озмунҳои наврӯзӣ муайян карда шуда, бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?