Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4281109
Сегодня
103
На этой неделе
804
В этом месяце
929
Итого
4281109
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.04.2015

Соли 2015 – Соли гулҳо

Баҳри иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба эълон гардидани соли 2015 – Соли фарҳанг ва гулҳо дар шаҳри Конибодом чораву тадбирҳои аввалиндараҷа амалӣ карда мешаванд.  Бо мақсади азназаргузаронии вазъи ободонӣ дар шаҳр ва кабудизоркуниву сарсабзгардонӣ Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз кӯчаҳои марказии шаҳр, кучаи ба номи К.Ҳуҷандӣ, Ленин ва Ю.Ёдгоров дидан намуда, ҷиҳати гулзору кабудизоркунӣ, ба тартиб овардани гулу дараҳтони ҳамешасабзи қади роҳу кучаҳо, шинонидани намудҳои гуногуни гул ба хиёбону гулгаштҳои шаҳр ба раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони корхонаву ташкилоти мухталиф дастуру супоришҳо дод.

Субҳи имруз ҷиҳати иҷрои ин дастурҳо ва дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси вилоят оид ба Соли гулҳо роҳбарони тамоми ташкилоту корхонаҳо, сокинони шаҳр ба шанбегиву ободонӣ баромада, шуруъ аз назди бинои мақомоти маҳаллии ҳоқимияти давлатии шаҳр дар тамоми қӯчаву хиёбонҳо, назди идораву ташкилот аз ҷониби бошандагони шаҳр намудҳои   гуногуни гулҳои шукуфони баҳорӣ шинонида шуд.  Дар маҷмуъ аз оғози мавсими баҳор ва соли гулҳо дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои шаҳри Конибодом 4000 адад гули садбарг, 10 000 беҳ гули Канна, 2000-дона гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.  Дар доираи соли зебоиву нафосат – Соли гулҳо аз ҷониби сокинони шаҳр иқдомҳои сарсабзгардониву гулкорӣ  дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот, назди ҳар як хонаву манзил идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей