Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448143
Сегодня
79
На этой неделе
558
В этом месяце
9663
Итого
4448143
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

28.03.2017

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҷамоатҳои деҳот

Ҷашни Наврӯзро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Таҷлили ин ҷашни қадима аз ниёгон ба мо мерос боқӣ монда, ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев низ ин ҷашни милливу мардумиро ботантана ҷашн гирифтанд.  Дар идгоҳ мардум ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу осоиштагӣ Наврӯзи ҷаҳониро бо риояи тамоми суннатҳои неки ниёгон истиқбол намуданд. Намоиши ҳунарҳои гуногуни дастӣ, корҳои эҷодӣ, кандакориву кешбофӣ, сӯзанидӯзиву зардӯзӣ, хони наврӯзӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокдорон аз онҳо дидан карданд.

Дар тантанаи наврӯзии сокинони ҷамоати мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр О.Бобоҷонов ширкат варзида, аҳолии деҳотро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса, раиси шаҳр бо фарорасии Наврӯзи фархундапай шодбош гуфта, тансиҳативу хонаободӣ ва сарсабзиву хушнудӣ таманно кард.

Баъдан барномаи рангини наврӯзии бошандагони ҷамоат пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Кӯдакон ва наврасону ҷавонон табассум бар лаб мерақсиданду мебозиданд. Хоса, иҷрои бадеҳаву сурудҳои халқӣ, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва таронаҳои дилангез барои иштирокдорон мароқангез буд. Кулли барномаҳои пешкашгардида таҷассумгари анъанаҳои бостон ва тарғибгари ҷашнҳои миллӣ буд.

Дар ҷараёни чорабинии наврӯзӣ озмунҳо ҷамъбаст ва ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мардум бешак ба ҳамдигар шодиву сурур, хайру баракат ва афзуниву тандурустӣ таманно мекарданд. Воқеан, ин суннатҳои фархунда дар зеҳну амалу кирдори мардуми мо даромада, дар шумори корҳоест, ки иҷрояш барои ҳар фард суннат буда, душвориҳоро мезудояд  ва  навиду   хушиву шодмониву  некбахтӣ   бо  худ меорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей