Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448155
Сегодня
91
На этой неделе
570
В этом месяце
9675
Итого
4448155
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

25.03.2017

Суманак-рамзи баҳор

Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр низ чун кулли сокинони шарафёри диёрамон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва сулҳу субот дар ҷомеа Наврӯзи байналмилалиро дар фазои идонаву мутантан таҷлил намуданд. Бо барпо доштани суннатҳои Наврӯзӣ деги суманак гузошта, ба ҳамдигар бо орзуву ниятҳои неку наҷиб ҷашни фархундаи Наврӯзу баҳорро самимона шодбошӣ намуданд.

Суманак яке аз рамзҳои баҳору наврӯз буда, аз таомҳои хосаи наврӯзӣ маҳсуб меёбад ва мардум дар гирди он сарҷамъ гардида, ба худу атрофиён таманниёти созанда иброз медоранд.

Коркунони ин марказ низ барои пешрафти кору шукуфоии диёр ва пойдории Истиқлолияту ваҳдати миллӣ, инчунин хонаободиву сарбаландии халқамон дар гирди деги суманак орзуҳои нек намуданд. Ҳамзамон, аҳли меҳнати соҳа дар танинандозии оҳангу сурудаҳои рангин рақсу бозӣ карда, хотири ҳамдигарро шоду болида доштанд.

Ҳамин тариқ, тантанаи идонаи Наврӯзии кормандони маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ бо риояи суннатҳои Наврӯзӣ хубу хотирмон барпо карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей