Посетители
23.03.2017
Таҷлили Наврӯз ва иҷрои амалҳои нек
Наврӯз миёни маросиму оинҳои қадими ниёгон бешак аз муқаддастарину пойдортарин ҷашнҳост. Бо вуҷуди таъсири тағйироту таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоӣ-маишӣ вa фарҳангӣ-маънавӣ дар сарзаминамон ҳазорсолаҳо асосу бунёди он пойдору барҷо мондааст. Махсусан, дар арафа ва рӯзҳои таҷлили ин ҷашни миллӣ ба ҷо овардани амалҳои неку савоб ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳои накӯ дар коргоҳи «Таъмири қатораҳои Маҳрам» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов чорабинии наврӯзӣ ва хатнасури як гуруҳ тифлакон аз оилаҳои ниёзманд доир карда шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамагонро табрик гуфта, нишоту сарсабзӣ ва хушнудиҳо орзу кард. Ба кӯдакони хатнасурдошта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат дар васфи баҳору Наврӯз шеъру тарона ва лавҳаҳо қироат карда шуд. Рақсҳои мавзун ва бадеҳаҳо низ иҷро карда шуда, хотири иштирокдорон болида гардонида шуд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои марғуб ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?