Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448145
Сегодня
80
На этой неделе
559
В этом месяце
9664
Итого
4448145
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

22.03.2017

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ

Бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки аз бостонитарин идҳои миллии мардуми ориёнажод маҳсуб меёбад, маъмурияти коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳр чорабинии бошукуҳеро ташкил ва баргузор намуд. Чорабинӣ «Наврӯзи оламафрӯз дар боргоҳи муқаддас» унвон гирифта, дар сатҳи баланди маънавӣ доир гардид. Нахуст донишҷӯёни гуруҳҳо барои озмуни «Хони беҳтарини наврӯзӣ» маҳсули дастони худро пешкаши ҳайати ҳакамони озмун гардониданд. Хони наврӯзӣ ҳафт сину ҳафт шин ва корҳои эҷодии донишандӯзонро дарбар гирифта, хӯрокҳои гуногуни миллӣ манзур гардонида буданд.

Аз тарафи донишҷӯёни коллеҷ барои иштирокдорон барномаи рангини наврӯзӣ пешкаш карда шуд. Рақсҳои зебои гулдухтарон ва саҳнаҳои омоданамудаи онҳо басо мароқангез буд. Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии коллеҷ «Шӯхдухтарон ва КО» низ ҷолиби диққат буд. Инчунин  намоиши либосҳои миллӣ ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.

Аз тарафи Раиси ҳакамони озмун - омӯзгор Тоҷибоева М. озмун ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому туҳфаҳо сарфароз гардондида шуд.

Дар фарҷом сарвари коллеҷ Зоиров Ҳ. ҳамагонро бори дигар бо ҷашни фархундаи Наврӯз шодбош гуфта, баҳрашон тансиҳативу хонаободӣ ва хушрӯзгорӣ таманно кард. Баъдан ба омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ва пешқадам Ифтихорнома ва Сипосномаи роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр, чорабинии наврӯзии коллеҷи омӯзгорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей