Посетители
4615712
Сегодня
418
На этой неделе
4612
В этом месяце
10085
Итого
4615712
24.09.2026
СИТОДИ ПАХТА ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
24 сентябр дар шаҳри Конибодом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода оид ба ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати ҳосили пахта ситоди корӣ баргузор гардид.
Ситод таҳти раёсати Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ баргузор шуда, дар он муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони сохтору ташкилоту муассисаҳо ва масъулини соҳа иштирок намуданд.
Дар ситод рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, суръати корҳои саҳроӣ ва масъалаҳои марбут ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва роҳнамоии роҳбарияти вилояти Суғд тамоми имкониятҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил сафарбар карда шуда, ҳар як рӯзи мусоиди корӣ самаранок истифода шавад.
Ба масъулон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд, ки барои ҷалби қувваи корӣ, истифодаи самараноки техника ва ташкили муназзами ҳашари пахтачинӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷамъоварӣ ва супоридани пахтаро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Рафти иҷрои супоришҳо таҳти назорати роҳбарияти шаҳр қарор дода шуда, масъулияти шахсии роҳбарон барои таъмини натиҷаҳои назаррас дар маъракаи пахтачинӣ таъкид гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?