Посетители
4595975
Сегодня
356
На этой неделе
1507
В этом месяце
8927
Итого
4595975
26.08.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МТМУ №54
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и шаҳри Конибодом бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи муассиса намоиши дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ташкил карда шуда, маҳсули корҳои эҷодӣ, дастовардҳои таълимӣ ва дигар намунаҳои фаъолияти муассиса ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра иштирок намуда, табрикоти Раиси шаҳри Конибодомро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳозирин расонид. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлол барои рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
Директори МТМУ №54 Шерматов Тӯхтамурод низ аҳли маориф, хонандагон ва падару модаронро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, аз дастовардҳои муассиса ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ёдовар шуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки хонандагони муассиса пешкаши ҳозирин гардид. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу тарона ва саҳнаҳои фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшида, фазои тантанавӣ ва хотирмонро фароҳам оварданд.
Чорабинӣ дар фазои баланди идона ва бо эҳсоси ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб баргузор гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?