Посетители
4595975
Сегодня
356
На этой неделе
1507
В этом месяце
8927
Итого
4595975
25.08.2026
МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОТОН
Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 август то 2 сентябри соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор мегарданд.
Дар доираи ин ташаббус 25 августи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Конибодом №19», раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Мулоқотро муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода Сафарбег оғоз намуда, меҳмони гиромиро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иштирокдорони вохӯрӣ хайрамақдам гуфт. Номбурда таъкид намуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои таҳкими робитаи вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа ва шунидани пешниҳодҳои сокинон аҳамияти муҳим дорад.
Дар мулоқот роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Пулотон, фаъолон ва сокинони ҷамоат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо, фаъолзанон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қадамҳои устувор гузошта, дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, риояи қонунҳо, масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъоли сокинон дар рушди ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар идомаи мулоқот миёни вакил ва иштирокдорони вохӯрӣ доир ба масъалаҳои муҳими рӯз суҳбату мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳоду андешаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Пулотон шунида шуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
















Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









