Посетители
4595971
Сегодня
352
На этой неделе
1503
В этом месяце
8923
Итого
4595971
19.08.2026
РУШДИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Гузариши иқтисоди ҷаҳонӣ ба модели рақамии рушд талаботи навро нисбат ба сармояи инсонӣ ба миён мегузорад. Рақамикунонии истеҳсолот, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, низоми молиявӣ, савдо ва дигар соҳаҳо на танҳо касбҳои навро ба вуҷуд меорад, балки мазмуни бисёр намудҳои анъанавии фаъолияти меҳнатиро низ тағйир медиҳад ва ҳамзамон ба сатҳи тахассуси кормандон талаботи бештар пешниҳод менамояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала дар робита ба зарурати таъмини аҳолӣ бо шуғли маҳсулнок, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва ташаккули кадрҳои рақобатпазир аҳаммияти махсус дорад. Аз ин рӯ, масъалаи омодасозии мутахассисонро дигар танҳо ҳамчун вазифаи низоми маориф баррасӣ кардан мумкин нест. Он ба яке аз унсурҳои муҳими сиёсати шуғл, рушди иқтисодӣ ва табдилёбии рақамии кишвар мубаддал мегардад.
Дар ин замина, зери раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ 19 августи соли 2026 аҳаммияти хосса дорад. Дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ баррасӣ гардида, ба мақомоти давлатӣ ва дигар субъектҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Яке аз самтҳои муҳим мутобиқ намудани барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва дар баробари малакаҳои касбӣ ба рушди саводнокии рақамии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан мебошад.
Ба андешаи мо, маҳз чунин муносибат метавонад барои гузариш аз омодасозии танҳо миқдории кадрҳо ба ташаккули сармояи инсонии босифат ва ба шуғли маҳсулнок нигаронидашуда заминаи муҳим фароҳам созад.
"Рақамикунонии иқтисодиёт ва тағйирёбии талабот ба қувваи корӣ"
Тағйирёбии рақамии иқтисодиёт танҳо ҷорӣ намудани компютерҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва низомҳои муосир нест. Рақамикунонӣ худи ташкили меҳнатро тағйир медиҳад. Имрӯз аз корманд бештар талаб карда мешавад, ки на танҳо як ихтисоси муайян, балки маҷмӯи малакаҳои касбӣ, коммуникатсионӣ ва рақамиро доро бошад.
Мутахассиси муосир бояд тавонад аз платформаҳои рақамӣ, ҳуҷҷатҳои электронӣ, низомҳои иттилоотӣ, пойгоҳҳои маълумотӣ ва воситаҳои муосири иртибот истифода барад. Дар баъзе касбҳо инчунин дониши ибтидоӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва низомҳои автоматикунонидашуда зарур мегардад.
Аз ин рӯ, модели анъанавии омодасозии кадрҳо, ки тибқи он шахс як маротиба касб меомӯзад ва донишу малакаи худро дар тамоми фаъолияти меҳнатӣ қариб бетағйир истифода мебарад, тадриҷан ҷойи худро ба модели таҳсилоти муттасили касбӣ медиҳад.
Дар ин самт низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон аллакай ба таҳлили талаботи бозори меҳнат, навсозии барномаҳои таълимӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоён таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар маводи Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зарурати муайян намудани талаботи ҷорӣ ва дурнамои бозори меҳнат ба малакаҳои касбӣ, инчунин такмили низоми иттилоотии идоракунии таҳсилоти касбӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоён таъкид шудааст.
Ҳамин тавр, вазифаҳои дар ҷаласаи 19 августи соли 2026 гузошташуда на танҳо хусусияти ҷорӣ, балки аҳаммияти стратегӣ доранд, зеро онҳо зарурати татбиқи амалии сиёсати мутобиқсозии таҳсилот ба бозори меҳнатро боз ҳам тақвият медиҳанд.
Сангинзода Эмин Нуъмон - мушовири давлатии дараҷаи I, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









