Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595971
Сегодня
352
На этой неделе
1503
В этом месяце
8923
Итого
4595971
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

19.08.2026

МАШВАРАТИ АВГУСТӢ: ТАҲЛИЛИ ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲОИ НАВИ СОҲАИ МАОРИФ

Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён аз гӯшаҳои муаррифии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ боздид намуданд. Дар намоишгоҳҳо фаъолияти кӯдакистонҳо, корҳои эҷодии хонандагон, намунаҳои сару либоси мактабӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Зимни чорабинӣ ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ қадршиносӣ гардида, ба онҳо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Қисми расмии машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар идомаи он маърузаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр дар мавзуи «Фаъолияти шуъбаи маориф ҳамчун мақомоти маҳаллии соҳа дар рушд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия» шунида шуд. Дар маъруза фаъолияти соҳа, дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода зимни суханронӣ вазъи соҳаи маорифро ҳамаҷониба таҳлил намуда, аз дастовардҳои кормандони соҳа изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон, бо таъкиди масъулияти роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолияти соҳа ба масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Ҷӯраев Суҳроб низ суханронӣ намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва масъулияти кормандони соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки муассисаро бо аттестати аъло ва медали тилло хатм кардаанд, қадршиносӣ шуданд. Ба онҳо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, як гурӯҳ фаъолони соҳа барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар рушди маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илм», сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шуданд.
Қадршиносии омӯзгорону хонандагони фаъол дар машварати августӣ далели таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорони ташаббускор ва ҳавасмандгардонии хонандагони лаёқатманд мебошад.
Дар фарҷоми машварат барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Машварати августӣ бо таҳлили дастовардҳо, баррасии масъалаҳои муҳими соҳа ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҷамъбаст гардид.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение танцы и текстНет описания фото.Возможно, это изображение ребенок и танцыВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и шахматыНет описания фото.Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "NIA ULACh ስ ቦያ AЙ K"Возможно, это изображение текст "ЛИCИPbCEИ ЛИCИ "CEИ ΚΟΡΙ CEИKOPM M COXAИ KИИфИ фи W JON"Возможно, это изображение текст "РАТИ АВГУСТИ ИСИ BAGM И КОРМАн СОКдИ "ФИ ШАКРИ"Возможно, это изображение один или несколько человек и люди улыбаютсяВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и помостНет описания фото.
Возврат к списку новостей