Посетители
4595970
Сегодня
351
На этой неделе
1502
В этом месяце
8922
Итого
4595970
19.08.2026
Мулоқотҳо идома доранд
Мулоқоти навбатии усули “деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла” барои марҳилаи дуюм дар деҳаи Шуробқалъаи ҷамоати деҳоти Фирӯзоба баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф., мудири бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом Толибова Ф. ва муовини Раиси ҷамоати деҳоти Фирӯзоба Фозилова М. иштирок ва баромад намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи аҳаммияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои солҳои 2027–2036, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, риояи қонунгузорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, тозагию ободонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, тартиби буду бош дар давлатҳои хориҷа, имкониятҳои кор дар дигар давлатҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир сокинони деҳаи мазкур низ, барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳори сипос намуда, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии хешро баён доштанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?