Посетители
4595970
Сегодня
351
На этой неделе
1502
В этом месяце
8922
Итого
4595970
11.08.2026
Дар Конибодом масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва пешгирии қаллобии онлайнӣ баррасӣ шуданд
11 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом чорабинии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои пешбурди муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ, мубориза бо савдои одамон ва пешгирии қаллобии онлайнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ШВКД, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти маҳаллӣ, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ, бахши муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои деҳот, собиқадорони меҳнат, ходимони дин, занону ҷавонон ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода Сафарбек, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зумрат, роҳбари лоиҳаи Агентии Созмони байналмилалии муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид Қудратов Ҳикматулло ва муовини сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом, подполковник Ҳаитов Кабир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода Сафарбек бо расонидани паёми Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба муҳиммият ва аҳаммияти баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотӣ таъкид кард. Сипас, идомаи чорабиниро аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда ба меҳмонон вогузор намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилоту муаммоҳои он, роҳҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла терроризму экстремизм, зӯроварӣ, савдои одамон, қаллобии онлайнӣ ва дигар хатарҳои муосир ба иштирокчиён маълумоти зарурӣ пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳими пешгирии чунин падидаҳо мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида саволу пешниҳодҳои худро баён намуда, миёни масъулин ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Чорабиниро муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода Сафарбек ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин чорабиниҳои иттилоотӣ саривақтӣ ва манфиатбахш буда, масъалаҳои дар он баррасишуда дар меҳвари фаъолияти масъулин қарор гирифта, барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон ва қаллобии онлайнӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.













Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









