Посетители
4595969
Сегодня
350
На этой неделе
1501
В этом месяце
8921
Итого
4595969
11.08.2026
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ — ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «АНИСИ МУАЗЗАМА»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ — ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «АНИСИ МУАЗЗАМА»
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии «Аниси Муаззама»-и шаҳри Конибодом ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ва муқаддастарин арзиши миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр роҳи созандагиву ободкорӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони насли наврас заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Чорабинии идона бо иштироки тарбиятгирандагони муассиса дар фазои идона ва самимӣ баргузор шуд. Кӯдакон бо шеъру сурудҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявӣ, рақсу барномаҳои фарҳангӣ ба ҷашн ҳусни тоза зам карданд.
Махсусан, иштироки кӯдакон дар чунин чорабиниҳо аҳамияти тарбиявии муҳим дошта, дар қалби онҳо ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, парчам, муқаддасоти давлатӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҳким мебахшад.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки тарбияи насли солиму босавод, ватандӯсту созанда яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Зеро кӯдакону наврасони имрӯза созандагони фардои Тоҷикистон мебошанд.
Чорабинии идона бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, шодиву сурур ва орзуву ниятҳои нек ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, бори дигар аз муҳаббати самимии кӯдакон ва аҳли ҷомеа ба Ватани азизамон — Тоҷикистон шаҳодат дод.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?