Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595969
Сегодня
350
На этой неделе
1501
В этом месяце
8921
Итого
4595969
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

11.08.2026

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад варзишгарони фаъол, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо кулли варзишгарону собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, аз дастовардҳои варзишгарони шаҳр ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди соҳаи варзиш ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати созанда ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша варзишро василаи муҳими таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоянд.
Дар шаҳри Конибодом низ ба рушди соҳаи варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва дастгирии варзишгарону мураббиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Зикр карда шуд, ки варзиш ҳамчун омили муҳими тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа нақши муҳим дорад. Раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки варзишгарони Конибодом минбаъд низ бо саъю талош, иродаи қавӣ ва маҳорати баланди касбӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас кӯшиш намуда, парчами варзиши шаҳрро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд хоҳанд бардошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор варзишгарону мураббиёни фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи варзиш бо Сипосномаи Раиси шаҳри Конибодом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Нет описания фото.Нет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение помост и текст "CHnOCHOMA COLLECTION COLLECTION COL"Возможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возврат к списку новостей