Посетители
4595964
Сегодня
345
На этой неделе
1496
В этом месяце
8916
Итого
4595964
10.08.2026
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи варзишгарон
Ҳамдиёрони азиз, варзишгарони муҳтарам!
Басо хушоянд аст, ки дар баробари иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ дар кишварамон ҳамасола, санаи 10 – уми август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ ва шукуҳманду хотирмон таҷлил карда мешавад.
Нахуст, ҳамаи шумоён – варзишгарон ва собиқадорону алоқамандони соҳаи варзиши шаҳрро ба муносибати иди касбиатон самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти пуршарафи касбиатон пирӯзиву сарбаландиҳо таманно менамоям.
Тибқи манбаъву маъхазҳои таърихӣ ҳанӯз, дар анъанаву суннат ва оину фарҳанги ғании гузаштагони ориётабори мо тарбияи инсони солим, ҷисману руҳан қавӣ ва ҷасуру нотарс, ки бо хислатҳои неки ватандӯстиву инсонпарварона тавъам буданд, аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, миёни мардум даҳҳо намуди варзиш ва бозиҳои миллӣ маъмулу машҳур буданд. Хушбахтона, аксари онҳо дар қатори дигар арзишҳои миллиамон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар эҳё ва хеле роиҷ гардида, тадриҷан рушду такомул ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки шуруъ аз солҳои аввали давлатдории навини мо, дар баробари масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосатан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва дар ин раванд, тарбияи насли солим, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, хусусан, солҳои охир дар ин самти муҳими ҳаёт пешрафту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд.
Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллатамон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки:
“Мо бояд ба рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни он, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон ба ҳифзи генофонди миллат, ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим эътибори ҷиддӣ диҳем”.
Дар партави ин ҳама тадбирҳои саривақтии манфиатбахши давлат ва Ҳукумати кишвар, хусусан, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва соҳаи варзиш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ, барои рушду пешрафти соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуда, барои муҳайё намудани пояҳои моддию техникии рушди соҳа заминаҳои устувор гузошта шуда истодааст.
Ифтихор аз он дорем, ки устодону мураббиён ва варзишгарони наврасу ҷавони шаҳрамон ҷавобан ба ҳамаи ин таваҷҷуҳу щамхориҳо баҳри афзун намудани дастоварду муваффақиятҳои варзишии шаҳр ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, барои ҳифзу ҳимояи шаъну шарафи варзиши шаҳр саъю талош доранд.
Бо таманниёти боз ҳам афзун гардидани комёбиву дастовардҳои варзишии шаҳрамон, бори дигар, ҳамаи шумоён, варзишгарон, собиқадорон, мураббиёну устодон ва тамоми алоқамандони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмониро бо иди касбиатон – Рӯзи варзишгарон ва ҳамзамон, бо ҷашни таърихии дар пешистода – 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, нерӯи қавӣ, бурдбориву пирӯзӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









