Посетители
4538383
Сегодня
1860
На этой неделе
10154
В этом месяце
18394
Итого
4538383
28.07.2026
БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ДЕҲАИ МАДАНИЯТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОТОН
БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ДЕҲАИ МАДАНИЯТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОТОН
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 27 июли соли 2026 дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Пӯлотон мулоқоти навбатӣ бо занону бонувон баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Умеда Ғаниева, роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Таҳмина Қурбонова, фаъолзанон ва сокинони деҳаи Маданият иштирок намуданд.
Зимни мулоқот вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ, риоя ва тарғиби либоси миллӣ, эҳтироми анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию шаҳрвандӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, инчунин муқовимат ба терроризм ва экстремизм суханронӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ ба занону бонувон тавсияҳои судманд пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки нақши зан дар таҳкими оила, тарбияи фарзандони солиму ватандӯст, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона» аз вазъи зиндагии сокинон, тарзи истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз замин, сатҳи ободонӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ шинос гардида, ба сокинон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавсияҳои амалӣ доданд.
Иштирокчиён баргузории чунин мулоқотҳоро омили муҳими таҳкими робитаи мустақими мақомоти давлатӣ бо мардум арзёбӣ намуда, барои саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал, рушди ҷомеа ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?