Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4538383
Сегодня
1860
На этой неделе
10154
В этом месяце
18394
Итого
4538383
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

25.07.2026

Гурӯҳи кории вилояти Суғд корҳои саҳроии Конибодомро таҳлил намуд

ГУРУҲИ КОРИИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАФТИ КОРҲОИ САҲРОИРО ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОД
Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд оид ба соҳаи кишоварзӣ Қосимӣ Файзулло ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Зимни боздиди корӣ гурӯҳи мазкур якҷо бо Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода аз рафти корҳои саҳроӣ, нашъунамои пахта, кишти такрорӣ, таъминот бо оби полезӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт берунмонда ва дурустии ҳисоботҳои оморӣ дидан намуда, вазъи корҳои мавҷударо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.
Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа фаъолияти масъулон вобаста ба иҷрои корҳои саҳроӣ мавриди пурсиш қарор гирифта, оид ба суръат бахшидани ҷамъоварии маълумоти оморӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, рушди кишти такрорӣ, беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт берунмонда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки иҷрои босифати ин вазифаҳо барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.
Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Возможно, это изображение помостНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение учеба, осветительное оборудование и помост
Возврат к списку новостей