Посетители
4538358
Сегодня
1835
На этой неделе
10129
В этом месяце
18369
Итого
4538358
23.07.2026
Мулоқотҳо идома доранд
Мулоқотҳо идома доранд
Мулоқоти навбатии муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Конибодом аз рӯйи усули “деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла” дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Куҳандиёр баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ализода А. ва намояндаи ҷамоати деҳоти Куҳандиёр Казаков Ҷ. иштирок ва баромад намуда, доир ба хизматҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонии кишвар маълумоти муфассал дода шуд. Таъкид гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои зиндагии осоишта ва рушди устувори ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаҳои таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир сокинони деҳа низ омодагии хешро ҷиҳати сазовор ва бо тантана истиқбол намудани ҷашни таърихии 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?