Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4538356
Сегодня
1832
На этой неделе
10126
В этом месяце
18367
Итого
4538356
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

22.07.2026

БОЙГОНИИ ДАВЛАТӢ БО НАМОИ ТОЗА БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

БОЙГОНИИ ДАВЛАТӢ БО НАМОИ ТОЗА БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои муҳими созанда амалӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар Филиали Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом ба номи Корманди шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Зоҳидов корҳои таъмиру азнавсозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, бино пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Ҳамзамон, ҳуҷраҳои корӣ ба тартиб дароварда шуда, барои кормандон ва муроҷиаткунандагон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда гардид.
Бо мақсади таҷлили арзандаи ҷашни миллӣ дар дохил ва атрофи муассиса гӯшаҳои махсуси ҷашнӣ, шиору овезаҳо ва рамзҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва насб гардида, ба муҳити муассиса ҳусни тоза бахшидаанд.
Роҳбарии муассисаро мутахассиси ҷавону кордон Ганҷина Ҳасанова ба уҳда дошта, бо ташаббус ва масъулиятшиносӣ фаъолияти бойгониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Зери роҳбарии ӯ ҳифзу нигоҳдорӣ, мураттабсозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бойгонӣ мутобиқ ба талаботи замон амалӣ гардида, фаъолияти кормандон бо масъулияти баланд ба роҳ монда шудааст.
Филиали Бойгонии давлатӣ имрӯз ба сокинони шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва ноҳияи Ашт хизматрасонӣ намуда, барои дарёфт, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо хизмати босифат мерасонад. Кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулият дар ҳифзи мероси таърихии миллат ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Нет описания фото.Возможно, это изображение больница и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение рипсалис и внутри помещенияВозможно, это изображение внутри помещенияВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение внутри помещенияВозможно, это изображение внутри помещенияВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение внутри помещения и текстВозможно, это изображение раздвижная дверь
Возврат к списку новостей