Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4493178
Сегодня
19
На этой неделе
605
В этом месяце
7356
Итого
4493178
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

03.07.2026

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
Дар шароите ки ҷаҳони муосир бо низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳу субот ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар чунин вазъ ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдомҳои саривақтӣ ва ояндабинона пазируфта мешаванд.
Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, боз як дастоварди бузурги дипломатияи тоҷик ва эътирофи нақши фаъоли кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мебошад. Ин қатънома 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида, солҳои 2027–2036-ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон намуд.
Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, маҳз бо хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил гардид. Аз ин рӯ, Тоҷикистон беҳтар аз ҳар кишвари дигар арзиши сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро дарк мекунад.
Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути муколама, ҳамдигарбахшӣ ва созиш пешниҳод мегардад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки фазои эътимод, адолат, ҳамкорӣ ва имкониятҳои баробар барои рушди инсон мебошад.
Қатъномаи мазкур давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколама, пешгирии низоъҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва ҷалби наслҳои ҷавон ба корҳои сулҳофарин ҳидоят менамояд. Ҳамзамон, он ба ҳамкории байналмилалӣ, нақши ҷавонон, занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар таҳкими сулҳи устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки ин ташаббус танҳо ба манфиати Тоҷикистон нест, балки ба манфиати тамоми инсоният мебошад. Имрӯз ҷаҳон ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии бештар ниёз дорад. Аз ин рӯ, эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии сулҳ метавонад заминаи мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешгирии низоъҳои нав гардад.
Дар солҳои охир Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо нуфузи байналмилалии худро ба таври назаррас таҳким бахшид. Акнун ташаббуси нави сулҳофарини Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ, балки пешниҳодкунандаи ғояҳои созанда барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Қабули ин қатънома эътирофи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, эҳтиром ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нишонаи болоравии обрӯи байналмилалии Тоҷикистон аст. Он инчунин нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимод дошта, онҳоро ҳамчун воситаи муассири таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ қабул мекунад.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки моҳияти ин ташаббуси таърихиро дуруст дарк намуда, арзишҳои сулҳ, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа густариш диҳем. Танҳо дар фазои сулҳу субот метавон давлатро обод кард, иқтисодро рушд дод ва барои наслҳои оянда зиндагии арзанда фароҳам овард.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун яке аз пешоҳангони ташаббусҳои сулҳпарварона дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сиёсати созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027–2036» на танҳо муваффақияти дипломатияи тоҷик, балки саҳми арзишманди Тоҷикистон дар бунёди ҷаҳони орому осуда барои тамоми инсоният мебошад.
Гулчеҳра Раҳмонзода - муовини Раиси шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение Овальный кабинет
Возврат к списку новостей