Посетители
4493177
Сегодня
18
На этой неделе
604
В этом месяце
7355
Итого
4493177
27.06.2026
ТАШАББУСИ СУЛҲОФАРИ ТОҶИКИСТОН — ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
ТАШАББУСИ СУЛҲОФАРИ ТОҶИКИСТОН — ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва дипломатии соли 2026 ба шумор меравад. Ин ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бори дигар мақоми Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Дар даҳсолаҳои охир ҷаҳон бо таҳаввулоти бесобиқа, рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм ва дигар хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит, ки миллионҳо нафар аз оқибатҳои ҷанг ва бесуботӣ ранҷ мекашанд, ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳаммияти махсуси сиёсӣ ва башардӯстона касб мекунад. Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба масъалаи сулҳ на танҳо ҳамчун манфиати миллӣ, балки ҳамчун арзиши умумибашарӣ назар менамояд.
Қабули қатъномаи мазкур дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзӣ буда, бори дигар нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳу оштии тоҷикон имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақ эътироф гардидааст. Халқи тоҷик роҳи душвору пурмашаққати расидан ба сулҳу ваҳдатро тай намуда, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устуворро таъмин намояд. Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир имрӯз заминаи пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ гардидааст.
Фалсафаи асосии қатъномаи қабулшуда ба он нигаронида шудааст, ки сулҳ бояд ҳамчун омили асосии рушди ҷомеаҳо, кафолати амният ва заминаи зиндагии шоистаи инсонҳо ҳифз ва таҳким дода шавад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки маҷмӯи шароитест, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст, ки барои наслҳои оянда муҳити амн, устувор ва оромро фароҳам созад.
Дар маркази таваҷҷуҳи ин ташаббус ҷавонон ва наслҳои оянда қарор доранд. Имрӯз ҷавонон беш аз нисфи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд ва тақдири ояндаи ҷаҳон аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолнокии онҳо вобаста аст. Аз ин лиҳоз, таъмини шароити мусоид барои таҳсил, тарбия, рушди қобилиятҳо ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати пайгиронаи ҷавононро амалӣ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст. Садҳо муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд гардида, иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ рӯз аз рӯз густариш меёбад. Ин таҷриба метавонад барои бисёр кишварҳои дигар низ намунаи ибрат бошад.
Қатъномаи навбатии СММ идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои гузашта кишвари мо дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор як қатор пешниҳодҳои муҳимро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа намуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Ин воқеият шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
Бо қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди дипломатияи сулҳ ва тақвияти муколама миёни давлатҳо ба вуҷуд меоянд. Дар доираи ин даҳсола баргузории форумҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳад кард.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки кишвари мо имрӯз ҳамчун манбаи ташаббусҳои созанда ва ғояҳои башардӯстона дар ҷаҳон шинохта мешавад. Ин дастоварди бузург самараи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои соҳибэътибори арсаи байналмилалӣ табдил додааст.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон на танҳо барои мардуми кишвар, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург дошта, ба таҳкими амният, субот ва рушди устувори сайёра мусоидат менамояд.
Боварии комил дорем, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо ва таъмини зиндагии осоишта барои инсоният мусоидат намуда, ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳимми асри XXI дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб хоҳад шуд.
Гулчеҳра Раҳмонзода - муовини Раиси шаҳри Конибодом

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









