Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

24.06.2026

ОМОДАГӢ БА МАШҚҲОИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАРРАСӢ ГАРДИД

ОМОДАГӢ БА МАШҚҲОИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАРРАСӢ ГАРДИД
Санаи 24 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси Ситоди мудофиаи граждании шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур тибқи Фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2026 таҳти №161, Фармони сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва Қарори Раиси шаҳри Конибодом аз 18 июни соли 2026 таҳти №304 ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳр, роҳбарону намояндагони хадамотҳои марбута, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, инчунин намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои вилоятии он иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тартиби баргузории машқҳо, вазифаву уҳдадориҳои хадамоти дахлдор, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул ва дигар тадбирҳои омодагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом рӯзҳои 24–26 июни соли ҷорӣ баргузор гардида, ҳадафи асосии он санҷиши сатҳи омодабошии қувва ва воситаҳои хадамоти дахлдор, такмили малакаҳои амалии масъулин ва расонидани ёрии методӣ ҷиҳати ташкили самараноки чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани машқҳои мазкур, таъмини омодабошии ҳамаҷонибаи сохторҳои масъул ва иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Нет описания фото.Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение помостНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек, помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "40SS"Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей