Посетители
4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
24.06.2026
Конференсия оид ба саҳми занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ баргузор гардид
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАТБИҚИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода иштирок намуда, ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт.
Зимни суханронии худ Гулчеҳра Раҳмонзода таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвар сулҳу субот, оромӣ ва фазои созандагӣ ҳукмфармост. Зикр гардид, ки занону бонувони тоҷик ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар таҳкими ваҳдат, тарбияи насли ватандӯст, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва татбиқи сиёсати созандаи давлат саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи конференсия иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши занон дар таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат маърӯзаҳо намуда, андешаҳои худро баён карданд.
Таъкид гардид, ки занони шаҳри Конибодом дар партави сиёсати давлату Ҳукумат дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар дошта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли соҳибмаърифат ва ободонии Ватан саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва фазои сулҳу ваҳдати кишвар ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуданд, ки занону бонувон минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассири худро мегузоранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?