Посетители
4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
24.06.2026
Озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ эълон гардид
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мудири бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр(категорияи чорум) - 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ нисбати довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Маоши мансабӣ 2522,55 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой;
3.Сармутахассис - саркишоварзи Раёсати кишоварзӣ – 1 ҷой;
4.Сармутахассис - сарзоотехники Раёсати кишоварзӣ – 1 ҷой;
5. Сармутахассис – сармуҳосиби шуъбаи фарҳанг – 1 ҷой;
6. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ - 1 ҷой;
7. Сармутахассис муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ - 1 ҷой;
8. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ - 1 ҷой;
9. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр - 1 ҷой;
10. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр - 1 ҷой;
11. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр - 1 ҷой;
12. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев - 1 ҷой;
13. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Пўлотон –1 ҷой;
14. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Патар - 1 ҷой;
15. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Фирўзоба – 1 ҷой;
16. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Фирўзоба - 1 ҷой;
17. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Фирўзоба - 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои сармутахассис (категорияи панҷум):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);
- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Маоши мансабӣ 2272,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
18. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр – 1 чой;
19. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр– 1 чой;
20.Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳр;
21. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой;
22. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг – 1 ҷой;
23. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ – 1 ҷой;
24. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ – 1 ҷой;
25. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ – 1 ҷой;
26. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев – 1 ҷой;
27. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Пўлотон - 1 ҷой;
28. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Пўлотон– 1 ҷой;
29. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Патар– 1 ҷой;
30. Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Патар – 1 ҷой;
31. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Фирўзоба– 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои мутахассиси пешбар (категорияи шашум):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Маоши мансабӣ 1862.60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
32. Мутахассиси шуъбаи маориф– 1 ҷой;
33.Мутахассиси шуъбаи фарҳанг – 1 ҷой;
34. Мутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ – 1 ҷой;
35. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ – 1 ҷой;
36. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Хамробоев – 1 ҷой;
37. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Пўлотон – 1 ҷой;
38. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Патар – 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои мутахассис (категорияи ҳафтум):
- таҳсилоти олиӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Маоши мансабӣ 1529,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.
Дар бораи дигар талаботҳо нисбати мансабҳои холии хизмати давлатӣ довталабон метавонанд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Веб-сайти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - www.konibodom.tj ва Веб-сайти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - www ahd.tj шинос шаванд.
Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳоли довталаб;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом бо замимааш);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо аз вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (ИЦ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
- маълумотномаи кадрӣ (объективка) аз ҷои кори пештара.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар мўҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон дар рўзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73
Индекс: 735900, телефон (83467) 3-41-20, www.konibodom.tj
Нишонаи почтаи электронӣ mihd.Konibodom@mail.ru

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?