Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

24.06.2026

Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба нақши Пешвои миллат баргузор гардид

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, санаи 23 июни соли ҷорӣ бахшида ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Набизода Ваҳҳоб Машраф, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Фахриддинзода Фирдавс – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Баҳодур Маҳмудов – мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ашурматзода Замира – муовини озоди Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Марҳабо Расулова – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо иштирокчиён оид ба дастовардҳои таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз вартаи низоъ раҳо ёфта, имрӯз ба кишвари сулҳу субот, созандагӣ ва пешрафт табдил ёфтааст.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ барномаи ҷолиби адабиву фарҳангӣ пешкаш гардида, суруду таронаҳо ва саҳнаҳои тарбиявӣ дар васфи Ватан, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Возможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текстВозможно, это изображение флейта, помост и текстВозможно, это изображение танцы и текст "พ AM одамони белиа бедщарини рионои цамъият ому Омузторя омузтор шуда метавона налд д. малиРахмон мали Рамон"Возможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей