Посетители
4615705
Сегодня
411
На этой неделе
4605
В этом месяце
10078
Итого
4615705
20.06.2026
Дар Конибодом шанбегии умумии тозагиву ободонӣ баргузор гардид
Дар Конибодом шанбегии умумии тозагиву ободонӣ баргузор гардид
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», санаи 20 июни соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва тамоми ҷамоатҳои деҳот шанбегии умумии тозагиву ободонӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллаҳо, ҷавонону фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа иштироки фаъолона намуда, баҳри тозаву озода намудани кӯчаҳо, маҳаллаҳо, роҳҳо, ҷӯйбору заҳбурҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Зимни корҳои ободонӣ партовҳои маишӣ бароварда шуда, ҷӯйборҳо тоза, дарахтон ба тартиб дароварда сафед карда шуданд. Ҳамчунин ҳудуди муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тартиб дароварда шуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани намои шаҳр тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Иштироки фаъоли сокинон дар ин маъракаи ободонӣ бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулиятшиносии онҳо нисбат ба ободии диёр мебошад.
Ободии шаҳр - масъулияти ҳар яки мост!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?