Посетители
4493159
Сегодня
586
На этой неделе
586
В этом месяце
7337
Итого
4493159
11.06.2026
ТАҒЙИРОТҲОИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ТАҒЙИРОТҲОИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Санаи 11 июни соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолиб Шарифзода маросими муаррифии муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ Ғолиб Шарифзода ҳозиринро бо тағйиротҳои кадрӣ, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, шинос намуд.
Сипас, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода қарорҳои дахлдорро, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба тасвиб расидаанд, қироат намуд.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2026 таҳти №23791/15-2 ва қарори Раиси шаҳри Конибодом аз 10 июни соли 2026 №286, Қудратуллозода Сафарбег Маҳмасафар аз 10 июни соли 2026 ба мансаби муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.
Ҳамчунин, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2026 таҳти №23790/15-2 ва қарори Раиси шаҳри Конибодом аз 10 июни соли 2026 №288, Абдусалимзода Абдураҳим Абдусалим ба мансаби муовини Раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.
Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2026 таҳти №23789/15-2 ва қарори Раиси шаҳри Конибодом аз 10 июни соли 2026 №290, Осимӣ Баҳодурхон Искандарзода ба мансаби муовини Раиси шаҳри Конибодом таъин гардид.
Дар анҷоми маросим ба шахсони ба вазифаҳои нав таъиншуда барору комёбӣ дар фаъолияти минбаъда таманно гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки онҳо бо масъулияти баланд баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва хизмати содиқона ба мардум фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?