Посетители
4493159
Сегодня
586
На этой неделе
586
В этом месяце
7337
Итого
4493159
08.06.2026
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 7 июни соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Конибодом бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ ба маърази тамошои сокинону меҳмонони пойтахт гузошта шуд.
Нахуст меҳмонон, аз ҷумла роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва сокинони пойтахт аз гӯшаҳои намоишгоҳ боздид намуда, бо дастовардҳои иқтисодиву фарҳангии шаҳри Конибодом аз наздик шинос гардиданд.
Сипас, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе меҳмононро ба пойтахти кишвар хайрамақдам гуфта, ба сатҳи баланди ташкил ва муҳтавои намоишгоҳ баҳои арзанда дод. Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳо, фарҳанг ва дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамоянд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода паёму дурудҳои гарми сокинони шаҳри Конибодомро ба ҳозирин расонида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чунин чорабиниҳои муҳиму арзишманд ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, барои дастгирӣ ва мусоидат дар ташкил ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Конибодом дар шаҳри Душанбе ба Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннатдории самимӣ баён гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли ҳунару фарҳанги шаҳри Конибодом бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ хотири меҳмонон ва сокинони пойтахтро болида гардонида, намунаҳои беҳтарини санъати миллӣ ва эҷодиёти ҳунармандони шаҳрро манзури ҳамагон намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?