Посетители
4493159
Сегодня
586
На этой неделе
586
В этом месяце
7337
Итого
4493159
08.06.2026
ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАРГУЗОР ГАРДИД
ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАРГУЗОР ГАРДИД
8 июни соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти раёсати Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд. Ҳамчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мунира Мансурӣ низ дар иҷлосия ҳузур дошт.
Дар ҷараёни иҷлосия панҷ масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, масъалаи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2025, №651 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026–2030», ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, оила ва занон, ахбороти вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии «Неъмат Қарабоев» №30 Ф.Ш. Ахмедов оид ба иҷрои ваколати вакилӣ, инчунин масъалаи ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои семоҳаи дуюми соли 2026 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр муҳокима гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Доир ба масъалаи якум муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон баромад намуда, оид ба ҳадафу вазифаҳои барнома, ҷараёни татбиқ ва натиҷаҳои интизоршавандаи он маълумот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки татбиқи барномаи мазкур барои амалӣ гардидани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуда, ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг ва санъат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мунира Мансурӣ низ зимни суханронӣ ба аҳамияти барнома ва самтҳои афзалиятноки рушди фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои фарҳангӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.
Дар анҷоми иҷлосия Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаронӣ намуда, барои татбиқи босамари қарорҳои қабулгардида, иҷрои вазифаҳои дар назди масъулин гузошташуда ва пешбурди корҳои созандагиву ободонӣ ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ ба ҳамаи иштирокдорон дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?