Посетители
4493159
Сегодня
586
На этой неделе
586
В этом месяце
7337
Итого
4493159
04.06.2026
БАЛАНДАХТАР
БАЛАНДАХТАР
Таҳти чунин унвон санаи 4 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳфили ёдбуд бахшида ба 75-солагии гиромидошти хотираи неки яке аз фарзандони барӯманди диёр, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, марди соҳибтаҷриба ва хизматгузори содиқи халқу Ватан — Нуъмонҷон Муъминов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамкорону шогирдон, ёру дӯстони наздик, пайвандон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, аз рӯзгору фаъолияти ибратбахши ин шахсияти шинохта бо эҳтирому самимият ёдовар шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон дар маҳфил ширкат намуда, нахуст салому паёми Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Зимни суханронӣ мавсуф аз зиндагиномаи пурифтихор, фаъолияти созанда ва саҳми арзишманди устоди зиндаёд Нуъмонҷон Муъминов дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ёдовар гардида, таъкид намуд, ки кору пайкори чунин фарзандони фарзонаи миллат барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи ибрат ва мактаби ватандӯстиву масъулиятшиносӣ мебошад.
Иштирокчиёни маҳфил дар баромадҳои худ аз фазилатҳои инсонӣ, фарҳанги баланди муошират, хоксорӣ, поктинатӣ ва меҳру муҳаббати Нуъмонҷон Муъминов нисбат ба мардум ёд намуда, нақши муассири ӯро дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва пешбурди корҳои ҷамъиятӣ махсус таъкид карданд.
Қайд гардид, ки Нуъмонҷон Муъминов тайи солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолияти босамар дошта, барои татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолият, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳбудии зиндагии мардум саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамчун шахсияти ватандӯст ва масъулиятшинос ҳамеша ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои шоиста анҷом додааст.
Маҳфили ёдбуд дар фазои эҳтиром ва қадршиносӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки номи неку корномаи фарзандони содиқи миллат дар хотираи мардум ҷовидона боқӣ мемонад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?