Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4493159
Сегодня
586
На этой неделе
586
В этом месяце
7337
Итого
4493159
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

03.06.2026

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ ВУСЪАТ МЕГИРАНД

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ ВУСЪАТ МЕГИРАНД
Санаи 3 июни соли 2026 Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ аз муассисаҳои таълимии садамавии №9 ва №12 боздид ба амал овард.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар шаҳри Конибодом низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соҳаи маориф бо маром идома доранд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша корҳои таъмири куллии бинои асосии таълимӣ ва бунёди толори варзишии замонавӣ идома дошта, барои муҳайё намудани шароити беҳтари таҳсил тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкори саховатпеша Азизов Азизхон сохтмони 9 синфхонаи иловагӣ ҷараён дошта, айни ҳол корҳои болопӯш намудани боми биноҳо анҷом дода мешаванд. Пас аз ба истифода додани ин иншоот барои хонандагон имкониятҳои бештари таҳсил фароҳам хоҳад гардид.
Зимни боздид Раиси шаҳр бо сохтмончиён ва масъулини соҳа суҳбат намуда, ҷиҳати тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Конибодом дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, барои рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение дерево и текстНет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Возможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек и улицаНет описания фото.Нет описания фото.
Возврат к списку новостей