Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4477569
Сегодня
343
На этой неделе
2806
В этом месяце
5816
Итого
4477569
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

02.06.2026

ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ ВОЛИДОН – ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗИ ҶОНИ КӮДАКОН

ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ ВОЛИДОН – ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗИ ҶОНИ КӮДАКОН
Кӯдакон ояндаи миллат ва сарвати бебаҳои ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, таълиму тарбия, назорат ва ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бо фаро расидани фасли тобистон ва гарм шудани ҳаво ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакон дар дарёҳо, каналҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи беназорат мондани ноболиғон ва беэътиноии баъзе волидон рух медиҳанд.
Мутаассифона, баъзе падару модарон фарзандони худро барои оббозӣ ба лаби дарёву каналҳо мебаранд ё онҳоро танҳо мегузоранд. Кӯдакон бошанд, хавфи обҳои чуқур, ҷараёни тези об ва дигар хатарҳоро пурра дарк намекунанд. Дар натиҷа, як лаҳзаи бепарвоӣ метавонад ба фоҷиаи ҷуброннопазир оварда расонад.
Ҳамчунин, солҳои охир масъалаи дигаре, ки боиси нигаронӣ гардидааст, ба муҳоҷирати меҳнатии волидон вобаста мебошад. Бархе шаҳрвандон барои кор ба Федератсияи Россия рафта, фарзандони ноболиғи худро беназорат мемонанд ё ҳатто онҳоро ҳамроҳи худ бурда, бе назорати доимӣ мегузоранд. Норасоии муҳаббат, тарбияи дуруст ва назорати падару модар метавонад кӯдакро ба муҳити носолим, кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар хатарҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ созад.
Волидайн бояд дарк намоянд, ки тарбияи фарзанд танҳо таъмини моддӣ нест. Муҳаббат, ғамхорӣ, назорати доимӣ, омӯзонидани қоидаҳои бехатарӣ ва тарбияи ахлоқӣ аз муҳимтарин вазифаҳои онҳо маҳсуб меёбанд. Ба кӯдакон бояд фаҳмонида шавад, ки бе ҳамроҳии калонсолон ба соҳили дарё, канал ва дигар ҷойҳои хатарнок нараванд.
Ҳамзамон, дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани офатҳои табиӣ, аз қабили сел, обхезӣ, шамолҳои сахт ва дигар ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрӣ ва зиракии кӯдакон аҳамияти калон дорад. Волидон вазифадоранд фарзандони худро бо қоидаҳои оддии бехатарӣ шинос намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ омӯзонанд.
Ҳифзи ҷони кӯдак аз як қадами эҳтиёткоронаи волидон оғоз меёбад. Биёед, нисбат ба фарзандонамон масъулияти бештар зоҳир намуда, онҳоро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем. Зеро ҳаёт ва саломатии фарзандон аз ҳама арзишмандтар аст.
Якчанд тавсияҳо:
«Фарзанд амонат аст — назорату ғамхорӣ масъулияти ҳар як волидайн!»
   </div>

   <a href=Возврат к списку новостей