Посетители
4477569
Сегодня
343
На этой неделе
2806
В этом месяце
5816
Итого
4477569
31.05.2026
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРОН ЗОҲИДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРОН ЗОҲИДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола, дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони маҳбуби мо низ, чун анъана Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукуҳу шаҳомати хос ва садоқату самимияти баланд ҷашн гирифта мешавад.
Нахуст, ба ин муносибат, кулли ҳамшаҳриёни гиромӣ, хосатан кӯдакону наврасони саодатманди шаҳри азизамонро самимона шодбош намуда, баҳратон қабл аз ҳама, саломативу хонаободӣ, бахту иқболи накӯ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Мусаллам аст, ки оила ва оиладорӣ дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди мо ҷойгоҳи махсус дошта, ҳанӯз, аз даврони қадим то ба имрӯз арзишҳои он гиромӣ дошта мешаванд. Аз осори пурғановати таърихию фарҳангӣ ва адабию бадеии гузаштагони бузургамон то ба эҷодиёти чеҳраҳои адаби имрӯзаамон масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, омӯзиши илму ҳунар ва ба камол расонидани инсони баркамол мавқеи меҳварӣ дошта, диққати аҳли ҷомеаро ҳамеша ба ин масъалаи муҳими ҳаёт ҷалб намудаанд.
Маҳз, бо дарназардошти муҳимият ва арзиши баланди оиладорӣ ва тарбияи арзанда аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ солиму баркамол ҳанӯз, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишварамон ба таълиму тарбия ва касбу ҳунар диққати махсус дода шуда, бо ин мақсад пайваста чораву тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ дар яке аз суханрониҳояшон ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки:
"Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо оид ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад".
Маҳз, аз ҳамин нигоҳ, дар мамлакатамон ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ карда шуда, дар зимн, уҳдадориву эъломияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзу манфиатҳои кӯдакон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар эътироф гардидаанд.
Имрӯзҳо, дар кишвари азизамон, барои муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди кӯдак, аз ҷумла, ба таълиму тарбия ва касбу ҳунар фарогирии онҳо, хизматрасонии тиббии ройгон ба кӯдакон, бо истироҳату фароғат фаро гирифтани онҳо, дар ин раванд, хусусан, кӯдакони бесарпарасту аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва дигар тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ, дар навбати худ, ин тадбиру равандҳоро мавриди амал қарор дода, барои бо ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани кӯдакон ва ҳифзу риояи ҳуқуқу манфиатҳои онон чораҳои амалӣ андешида, ба ин мақсад имкониятҳои мавҷударо равона намудааст.
Хусусан, тайи солҳои охир, бунёду таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумию томактабӣ, беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ, муҳайё намудани шароити истироҳотию фароғатӣ тавассути бунёди марказҳои дилхушиву варзишӣ дар маърази асосии мақомоти маҳаллӣ қарор дошта, барои фарогирӣ бо кӯмакҳои гуногуни моддию молиявӣ тасмимҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Итминони комил дорем, ки аҳли ҷомеа, хосатан, волидайну омӯзгорон ва мураббияҳо минбаъд ҳам, барои тарбияи насли босаводу донишманд, ватандӯсту худогоҳ ва ҷисману маънаван солим боз ҳам саъю талош намуда, дар тарбияи насли созандагони ояндаи давлату миллат саҳми сазовори худро мегузоранд.
Бо чунин таманниёти нек, бори дигар, шумоён, ҳамшаҳриёни азиз, хусусан, кӯдакони хушиқболро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак самимона табрику муборакбод намуда, ба кулли кӯдакон айёми хушу гуворо ва дунёи беғаши кӯдакона орзумандам.
Ид муборак, фарзандони азиз!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









