Посетители
4477568
Сегодня
342
На этой неделе
2805
В этом месяце
5815
Итого
4477568
29.05.2026
АНДЕШАИ ИФРОТӢ- ХАТАРИ НОБУДИИ ҶАВОНӢ.
АНДЕШАИ ИФРОТӢ- ХАТАРИ НОБУДИИ ҶАВОНӢ.
Имрӯзҳо як навори кӯтоҳ, як сухани зебо ё як андешаи ба назар оддӣ метавонад зиндагии ҷавонеро комилан дигар кунад. Ҷавонон бештар вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд ва ҳар рӯз садҳо фикру маълумотро мебинанд. Дар байни ин ҳама, баъзе гурӯҳҳо ва шахсон аз суханони фиребанда истифода мебаранд, то ҷавононро ба роҳи нодуруст баранд. Онҳо худро дӯст, ҳақиқатҷӯ ё ҳимоятгари адолат нишон медиҳанд, аммо дар асл ҳадафашон гумроҳ кардани тафаккури ҷавонон аст.
Ифротгароӣ одатан ногаҳон оғоз намешавад. Аввал инсон танҳо ба як навор ё сухан таваҷҷуҳ мекунад. Баъд ин фикрҳо такрор мешаванд ва оҳиста-оҳиста ба шуури ӯ таъсир мерасонанд. Ҷавоне, ки таҷрибаи зиндагӣ кам дорад ё аз мушкилоти равонӣ, танҳоӣ ва норозигӣ ранҷ мебарад, метавонад зуд ба чунин таъсирҳо бовар кунад. Ӯ гумон мекунад, ки роҳи дурусту ҳақиқиро пайдо кардааст, дар ҳоле ки тадриҷан аз оила, дӯстону ҷомеа дур мешавад.
Гурӯҳҳои ифротӣ бештар эҳсосоти инсонро истифода мебаранд, на ақлу мантиқро. Онҳо бо суханони пур аз эҳсос, ваъдаҳои дурӯғин ва тасвирҳои таъсирбахш ҷавононро ҷалб мекунанд. Бисёр вақт чунин ҷавонон дер мефаҳманд, ки онҳо танҳо воситаи манфиати дигарон шудаанд. Вақте ҳақиқатро дарк мекунанд, мумкин аст аллакай дер шуда бошад: таҳсил аз даст меравад, муносибат бо наздикон вайрон мешавад ва ҳатто ояндаи инсон зери хатар мемонад.
Барои ҳамин, ҳар ҷавон бояд пеш аз бовар кардан ба ҳар гуна навор ё андеша фикр кунад:
Ин сухан ба нафрат мебарад ё ба созандагӣ?
Ин фикр ҷомеаро обод мекунад ё вайрон?
Ин роҳ ба дониш ва рушд мебарад ё ба душманиву хушунат?
Ҷавоне, ки дониш дорад, китоб мехонад, андешаи мустақил дорад ва бо шахсони боэътимод машварат мекунад, камтар ба доми фиреб меафтад.
Ояндаи миллат аз тафаккури солими ҷавонон вобаста аст. Аз ҳамин хотир, ҳифзи ақлу андеша аз ҳар гуна фиребу ифротгароӣ вазифаи ҳар як инсон мебошад.
Ғафурзода Дилором, директори МТМУ#7. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?