Посетители
4448156
Сегодня
92
На этой неделе
571
В этом месяце
9676
Итого
4448156
07.04.2026
БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДАНИ ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА ДАР МАВЗЕИ ТӮҚАЙ
БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДАНИ ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА ДАР МАВЗЕИ ТӮҚАЙ
Дар мавзеи Тӯқайи ҷамоати деҳоти Пӯлодон корҳои муҳими ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва заминҳои фонди махсус бо суръати баланд идома доранд.
Ин иқдом дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст.
Имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода аз ин мавзеъ боздид ба амал овард. Зимни боздид таъкид гардид, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бахусус заминҳои бекорхобида, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулин ба ҳисоб меравад.
Тибқи дастуру роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар ин мавзеъ заминҳо тадриҷан ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, барои кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумла пахта, омода карда мешаванд. Ин раванд ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Масъулин уҳдадор гардиданд, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва ҷалби техникаву технологияҳои муосир, корҳои кишоварзиро босифат ба роҳ монда, заминҳоро самаранок истифода баранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?